БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ҳамагонро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони мо буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардад. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахустини баҳор меоварад ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзоии хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор пайваст намуда, 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегарданд.

Бояд қайд намоем, ки дар чорабинии мазкур маҳсули дастии деҳқонону ҳунармандони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд.

Дар қисмати фарҳангии ҷорабинии мазкур мутрибону навозандагони Қасри Фарҳанги ноҳия бо оҳангу сурудҳои дилангез табъи ҳозиринро болида намуданд ва дар охир якчанд нафар барои фаъолияти пурсамар ва бахшида ба ҷашни Сада бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg