БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИММУНИЗАТСИЯ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус  (СОVID -19) кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни сокинон бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Зимни суҳбат бо сокинон масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худ ӯст, пас ҳар яки моро зарур аст, ки саломатӣ, ки ганҷи бебаҳост онро эҳтиёт намоем, аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоем. Барои ин ҳар яки моро мебояд пеш аз ҳама ба гигиенаи шахсӣ риоя намоем, аз антисептик ва ниқобҳои муҳофизатӣ истифода барем. Роҳи дигари муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ ин иммунизатсия мебошад, ки ин амалиёт барои саломатии ҳар як шахс аз бемориҳои сироятӣ нақши муассир дорад.

Дар идома аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон зиёда аз 300 адад варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин бемории ҳамагир дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg