ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар аз 12 майи соли 2018 дар деҳаи Қаюмободи ҷамоати деҳоти Лолазор бо аҳолии ҷамоат суҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифрогаро таъкид гардида, пайомадҳои ин падидаи манфуру манфии аср, ки хатари зиёдеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз расонидаасту дар оянда низ бо сабаби бетарафии аҳолӣ мерасонад махсус зикр карда шуд.
Ҳамзамон дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.