БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо касбомӯзони Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш бахшида ба эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Нуралиева Мадина  оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ,  ҷалби занону бонувони  хонашин ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласбофиву адрасбофӣ, сӯзаниву дигар намуди  ҳунарҳои миллӣ андешаронӣ кард.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  мавсуф  атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки баҳри зиндагии шоистаи мардум ва ободии Ватани озоду соҳибистиқлоли кишвар нигаронида шудааст,  андешаронӣ  намуд.

Баъдан  чанде аз ҷамъомадагон роҷеъ ба  касбомӯзӣ дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ҳарф зада, аз занону бонувон ва ҷавондухтароне, ки хонашин мебошанд, барои омӯхтани касби атласу адрасбофӣ ба маркази номбурда даъват ба амал оварданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg