БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ҲАР ЯК ҚИТЪАВУ ЗАМИНИ ВАТАНИ ХЕШРО БОЯД АЗ ДУШМАНОН МУҲОФИЗАТ НАМОЕМ

АНДЕША.  Оид ба мафҳуми Ватану ватандорӣ аз ҷониби аҳли уламо андешаҳои зиёди илмӣ ва назариявӣ баён гардидаанд. Дар тамоми сарчашмҳои илмиву оммавӣ низ оид ба мафҳуми ватану ватандорӣ назарияҳои аниқу саҳеҳ гуфта шудаанд. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон баҳри ҳифзи марзу буми кишвар мардум ҷоннисориҳои зиёде кардаанд, то ки ватанашон аз душманон эмин нигоҳ дошта шавад.

Ватандор нафарест, ки марзу буми кишавваро муҳофизат, намояд ва ба ватанаш софдилонаву содиқона хизмат намояд. Билохира ватандор нафаронест, ки баҳри ҳифзи ватан ҷонашонро нисор менамоянд. Хизмат кардан ба ватан ин хизмат кардан ба халқ мебошад. Ҳамаи фаъолиятҳои ҳарӯзаамон, ҳамаи истироҳату талош барои зиндагӣ ин аз сулҳу оромии кишвар шаҳодат медиҳад. Вале мо бояд хуб дарк намоем, ки сулҳу амонии кишвар маҳз ба хизматчиёни ҳарбӣ дар алоқамандии сахт қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбии кишварамон шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, баҳри ҳифзи ватани хеш камари ҳиммат бастаанд. Мо ҷавонон бояд хуб андеша намоем, ки ҳеҷ кас аз берун ватанамонро, хешу таборамонро, модарамонро, обу хоку заминамонро муҳофизат нахоҳад кард. Баръакс гурӯҳҳои мухталифи иртиҷоӣ, террористиву экстремистӣ имрӯз нияти даст задан ба сохти конститутсионии кишвар, нооромиву нотинҷии моро  доранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро лозим меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи ватану модар, обу хоки ин сарзамин доимо тайёр бошем.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg