БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон ба саҳми омӯзгорон ва хонандагони гимназия, аз тарафи гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.
Вохӯрии навбатӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ бо кадрҳо Мансур Ҳувалов ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Маърифат Қурбонова оид ба Паём шаҳру тавзеҳ доданд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд,ки ҷавонон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд ба ватану миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, сулҳу оромӣ суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунанд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоянд, эҳтироми падару модар ва пиронсолонро ба ҷо оваранд.