АНДЕША. Ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос ёфта, баҳри рушди устувори фаъолияти ҳизбӣ, ташаббускорию навоварӣ ва такмили тарзу услуби муосири идоракунӣ роҳандозӣ гардидааст.
Рейтинг – намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан раҳнамун месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят ҳамчун нишони қадрдонӣ як қатор фаъолон, ки соли сипаришударо бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст ва барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа талош карданд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Ишмуродов Ҳ., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон