ҶАЙҲУН. Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ ба 220 оилаи эҳтиёҷманди деҳаи Сомонӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки аз иқдоми мазкур оилаҳои эҳтиёҷманде, ки бо ин маводи хӯурока таъмин шуданд, руҳбаланд гардида, бо суханони нек ва арзу сипос аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон ёдоварӣ намуда, миннатдории хешро баён сохтанд.