БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРӢ БА СОҲАИ МАОРИФ САРМОЯГУЗОРӢ БА РУШДИ ЗЕҲНӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  ҳамкорӣ  бо ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ,  гурӯҳҳои  муштараки  корӣ  таъсис  дода, моҳияти  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳури   Тоҷикистонро  миёни сокинон ҳамарӯза тарғибу ташвиқ намуда истодаанд.

Ин  навбат кормандони Кумитаи  иҷроия дар ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Баҳор”  дар   муассиссаи  таҳсилоти миёнаи  умумии  №1  суҳбату  вохӯриҳо баргузор  намуда,  нуктаҳои Паёми  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  Мачлиси  Олии  кишвар  шаҳру  тавзеҳ  доданд. 

Зимни суҳбат   муовини  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳия  Муродов Раҳмон баромад  намуда,  қайд  кард, ки  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки аз  пешрафту  рушди устувори  кишвар дар  роҳи  расидан  ба  ҳадафҳои  стратегӣ   башорат медиҳад, . Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шурӯъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони Ватанӣ, саоатикунонии  босуръати  кишвар, низоми  бонкӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, дар бар гирифт.

Дар  Паём  таъкид  гардид, ки “Бунёди  миллат аз  маориф оғоз  мегардад”  ва  ғамхорӣ  ба  соҳаи  маориф сармоягузорӣ  ба  рушди  нерӯи зеҳнӣ ва  ояндаи  дурахшони  миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg