ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Матлубот" бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар вохӯрӣ доир гардид.
Дар мулоқот Саидасрор Ғуломов вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ба сафи ҳизб шомил намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибобрӯ суханронӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созанда ҷамъомадагонро раҳнамоӣ кард.