ТЕМУРМАЛИК. Мавзуи асосии вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ, Насимзода Ҳотам Ҳабибулло вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Қурбонов Шералӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Сатторзода Шамсулло Ятим директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ҳусейнобод, баргузор гардид,
Зимнан оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID – 19 ва инчунин баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID – 19 ба ҳамагон тавсияҳо дода, пешниҳод намуд, ки аз ин пас мо бояд бо истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулиятнок бошему худ ва дигаронро аз бемории сироятии коронавирус муҳофизат намоем.