БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон аст

БАЛҶУВОН. Тибқи   ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и  ҷамоати деҳоти ба номи  Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ  масъулин  иброз доштанд, ки мақсади баргузории ин вохӯрӣ  дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо насли ҷавону ояндасози миллат андешидани кардан баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит, Сил,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳоие, ки аз ниёгон ба мо мерос мондаанд андешаронӣ намуда, ҷавононро  ҷавобан ба ғамхориҳои беназири  Президенти кишвар даъват карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg