ЛЕВАКАНТ. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо ҷалби кормандони фаъоли ташкилоту корхонаҳои шаҳр, дар кӯчаи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Дар ин ҳашар, дар қатори кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшу шуъбаҳои МИҲД-и шаҳр, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант низ фаъолона иштирок намуда, дар якҷоягӣ беш аз 120 бех дарахти ороишии арча шинониданд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр, дар маъракаи умумии сабзкории имсола боз нақша доранд, ки дар ҷойҳои вобастагардидаашон низ ниҳол ва гулу буттаҳои ороиширо шинонида парвариш намоянд.
Бояд гуфт, ки чунин корҳои таблиғотӣ ва аксияҳои тозагӣ дар дили насли наврас ва ҷавонон ҳисси табиатдӯстӣ ва меҳнатдӯстиро бедор месозад.