ДӮСТӢ. Дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Дӯстӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Мубориза бар зидди коронавирус" дар байни сокинон гузаронида шуд. Аксияи мазкур аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатова Мавлуда ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ амалӣ гардида, дар он волонтёрон ва ҷонибдорони ҳизб саҳмгузорӣ намуданд. Дар натиҷаи амалигардонии аксия ба 100 нафар аҳолии маркази ноҳия варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории мазкур дастрас карда шуд.