ДӮСТӢ. Дар байни сокинон, ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ дар деҳаи ба номи А.Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Саидмухтор Зоиров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Абӯбакр Ҷалолов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Қаҳрамон Давлатов, намояндаи Шуъбаи маориф ва раиси Кумитаи маҳал иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ оид ба зарурияти саноатикунонии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҷавонон аз хатарҳои экстремистӣ-террористӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир гардид.