ДАНҒАРА. Дар ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, метавон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ – Кониститутсионӣ фарогири тамоми соҳаҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан мо ҷавононро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон такрор ба такрор оид ба талаботҳои асри навин нисбат ба дониш, малака ва маҳорат хушдор намуда, пайваста таъкид менамоянд. Паём бори дигар имкониятҳое, ки ба мо ҷавонон фароҳам гардидааст, ба пуррагӣ инъикос гардид. Зикр гардид, ки ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббусҳои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмӣ дар кишвар мебошад.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)