БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

БАЛҶУВОН.  Ҷамъбасти шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон  соли 2021 баргузор гардид. Дар шӯро иштирок доштанд муовини якуми раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Мирзозода Исуф, мудири шуъбаи маориф Бекова Умеда,  директорон ва муҳосибони муассисаҳои таълимӣ.

Сараввал мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияии Балҷувон оид фаъолияти шуъба дар давоми соли 2021 ҳиособоти худро пешниҳод намуд.

Дар идомаи маҷлис Мирзозода Исуф доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки бо роҳандозӣ сохтан аз ҷониби Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутси Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таҳсилоти зинаи олӣ амалӣ мегардад, ки довталабон метавонанд омодагии худро ҷоннок намуда, ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Баҷувон муроҷиат намоянд.

Мирзозода Исуф дар идомаи сухан таъкид кард, ки бо рӯҳбаландӣ аз ғамҳориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи маорифро мебояд ҳамаи самтҳои фаъолияти худро таҳқиқу таҳлил карда, роҳҳои наву муосири таълиму тарбияи насли ҷавонро роҳандозӣ намоянд. Дар ин ҷода ба соҳибони касби пуршараф муаллим комёбиву барорҳо таманно намуда, даъват ба амал овард, ки баҳри дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи зеҳниро ба харҷ дода,  ба Ватан мутахассисони соҳибкасбро тарбия намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg