Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи энергетикӣ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар оид ба нуктаҳои афзалиятноки Паём, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, кишоварзӣ, рушди босуръати соҳаи саноат, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани наврасон, нақши бонувону занон дар ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф як соҳаи бениҳоят муҳиму афзалиятнок ва пояи асосии давлатдорӣ арзёбӣ гардида, Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин соҳа бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шавад. Дар анҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.