БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР 30-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хамасола ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа мегардад, санади таҳлилӣ ва стратегию сиёсие мебошад, ки доир ба рушду инкишофи соҳахои мухталифи ҷомеа, пешравиву камбудиҳо, инчунин муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли минбаъда таҳия мегардад. Бояд қайд кард, ки сокинони бонангу ватандӯсти Тоҷикистон ҳамасола Паёми Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ кашида аз тариқи оинаи нилгун онро тамошо мекунанд ва ба муҳаббату садоқати Президенти мамлакат боварӣ ва эътимод доранд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз Паёмҳои қаблӣ имсол фарқ мекард, зеро дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат аз натиҷаҳои 30-соли давлатдорӣ, 30-соли соҳибистиқлолӣ, 30-соли мустақилӣ ва корҳои анҷомдодашудаву камбудиҳо ва дастовардҳои 30 -сола ҳисобот доданд. Албатта он замон осон набуд барои Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтани роҳбарии давлате, ки бо ҷурми фитнаву дассисаи неруҳои ифротгароӣ, дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда буд. Дар он айём, дар фурсати кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд ва дар чунин ҳолат сиёсатмадороне бо таҷрибаи бойи роҳбарӣ ҳатто натавонистанд фаъолияташонро идома диҳанду пеши роҳи бесару сомониҳоро бигиранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзҳои душвору тақдирсоз бори дигар ёдовар шуданд ва чи тавре, ки қайд намуданд роҳбариашонро дар давлати ба тозагӣ соҳибистиқлол гардидаву ҷангзада аз сифр, бе заминаи моддиву техникӣ буда оғоз карданд. Роҳбари давлати навини тоҷикон дар ин 30-соли соҳибистиқлолӣ ҳар қадами хешро бо мақсадҳои муайяну созанда гузошта, нахуст сулҳу суботро дар мамлакат таъмин карданд, миллатро сарҷамъ сохта сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор намуданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, ташкили Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, қабули қонунҳо дар бораи рамзҳои давлатдорӣ, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллии Тоҷикистон, забони давлатӣ, асъори миллӣ, тибқи сиёсати башардӯстонаи Президенти мамлакат ва фармони Президенти мамлакат "Дар бораи боз доштани татбиқи ҷазои қатл" ин амалҳои нахустину созандае буданд, ки боиси таъмин гардидани сулҳи устувор ва пойдор намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҷиҳати барқарор кардани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу карзӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт тадбирҳои самарабахш андешида шуданд. Дар Паём инчунин оид ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзу амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз бахшҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат имсол ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум,таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа барои пиронсолон ва маъюбон, стипендияҳо барои донишчӯён буд. Албатта чун ҳамешагӣ соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва дар меҳвари асосии Паёми имсола низ қарор дошт. Президенти мамлакат афзуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад,бо ин мақсад дар 5-соли минбаъда, бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ва ба истифода супорида шавад. Президенти мамлакат бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат хонд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, касбомӯзии ҷавонон, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ,такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, дигар кардани методҳои таълиму тарбия сарвари давлат ибрози андеша кард ва дар робита ба ин ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фаннҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ шуъбаҳои алоҳида дар Донишгоҳу Донишкадаҳои мамлакат кушода шаванд.

"Ҳукумати Тоҷикистон дар 30-соли сипаришуда тамоми чораҳои заруриро андешид,ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад" афзуд Пешвои муаззами миллат. Яке аз масъалаҳот муҳимтарин дар Паёми имсола эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои "Рушди саноатӣ"мебошад. Воқеан ҳам аҳамияти бузурги саноатикунонӣ дар рушди минбаъдаи мамлакатамон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар ва бо ҷойхои корӣ таъмин кардани сокинони мамлакат, ки дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим мебозад.Умуман ҳар нуқтае,ки дар Паёми имсолаи Президент дарҷ гардид бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон бо гузашти се даҳсола ба дастовардҳои муҳиме ноил гардид, ки дар пешрафти ҳаёти сокинони мамлакат нақши муҳим мебозанд ва дар оянда низ мо халқи шарифи Тоҷикистон дар фазои якдиливу хамбастагӣ дар ин шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ ва иродаи қавӣ ва бо роҳнамоиҳои Сарвари хирадмандамон метавонем Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар намоему баҳри таъмини зиндагии шоиста талош кунем.Танҳо якдиливу созандагӣ, некбиниву ватандӯстӣ ва хиради воло ба мо имкон медиҳад, ки ба мақсадҳои неки худ бирасем.

Назарзода Анзурат Хайрулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg