БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ СУЛҲУ ОЗОДӢ, ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР МЕКУНЕМ!

АНДЕША. Истиқлолият ҳамчун рамзи муҳими давлату давлатдорӣ, василаи беҳтарини эътироф ва шинохти ҳар як давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тӯли 30-соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ табдил ёбад ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳҷӯю сулҳхоҳ эътироф гардад. Сиёсати созандаву сулҳофари Пешвои муаззами миллат то кунун барои тамоми сиёсатмадорони ҷаҳон таҷрибаест омӯхтанӣ. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақилият пайдо кардани давлатҳои дигари он Тоҷикистон бо тафриқаандозии гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба даргириҳои дохилӣ мубтало гашт, ки бар асари он қариб ба нестӣ расида буд. Барои барқарор кардани сохтори фалаҷгашта ва аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллати куҳанбунёд фарзонафарзанди миллати тоҷик, Пешвои тоҷикони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ба арсаи сиёсат гузошт ва тамоми ҳастии худро баҳри рушду тараққӣ ва аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидани ин миллат бахшид. Воқеан, бо талошу заҳматҳои софдилонаву содиқона ва шабонарӯзии Сарвари давлат Тоҷикистони ба харобазор табдилёфта, кунун ба як давлати ободу зебо ва рушдкунанда табдил ёфт. Пешвои миллат аз замони роҳбарӣ тавонист сохтори фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатиро барқарор ва низоми сиёсии мазмунан ва шаклан навро пойдор созад, миллати парешонгаштаро аз панҷаи хорию гушнагӣ ва парокандагӣ раҳо бахшида, бо муҳаббату самимият ва адолатпешагии худ дар қалбҳои ноумед аз ояндаи равшани миллат нуру сафо бахшид ва ин кишвари харобгаштаро ба гулзор, ба манбаи нуру сафо, макони амну осоиш табдил дода, муаррифгари миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг гардид. Фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ ин 30 соли камолоти сиёсию таърихӣ ва худсозии шахсиятест, ки ҳастии худро ба ҳифзи ягонагии давлат ва ҳувияти миллии мардуми худ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшида, аз шахсияти роҳбар то азизи дилу дидаи мардум ва Пешвои миллат омада расид. Аз ин рӯ, мо ҷавонон, ки ояндасози давлату миллати худ ҳастем бояд пайрави Пешвои худ бошем ва ҳамеша ба он ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизи худ талош намоем. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, бо тазоду таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва густариш пайдо кардани амалҳои экстремистию ифротгароӣ аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳ моро зарур меояд, ки нисбат ба ин кишвари ободу озод ва амну осоишта шукргузор бошем ва содиқонаву софдилона аз ин муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро аз даст надода, касбу ҳунар омӯзем, илмҳои муосири замонро аз худ намоем ва чун насли ояндасоз бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ ва истиқлоли комили давлатӣ давомдиҳандаи мероси миллию маънавии ниёгони худ бошем.

Фарида Амридинзода, узви фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg