БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛИ БЕИҚБОЛ

ВОКУНИШ. Мо тоҷикон солҳои оғози давлатсозии навини хешро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарёд дорем ва шоҳиди дастовардҳои назарраси кишвар мебошем.

Мутаассифона, ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки зеҳну андешаи ҷавононони моро беътаъсир намегузорад ва хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм мебошад, ки онро вабои аср мешуморанд. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни “динӣ”, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра иддае аз нотавонбиноне ҳастанд, ки тамоми дастоварди давлату милати тоҷикро нодида гирифта, ба пешравии Тоҷикистон ҳасад мебаранд. Ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом бо роҳбарии ватанфурӯш Кабирӣ ва пайравони гумроҳаш аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ба бадгӯии кишвари мо машғул шудаанд. Яке аз чунин афроди бешараф шогирди Муҳиддин Кабирӣ  Муҳаммадиқболи  Садриддин мебошад, ки амалу кирдорҳояш дар филми “Бешарафӣ” намоиш дода шудааст. Ин фирефтаи роҳи ба гумномӣ рафтаи Кабирӣ аз хориҷ истода, ҷониби давлати тоҷикон санг мепартояд. Ба ин монанд зархаридони хоҷагони хориҷиашон ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  фитнаангезӣ намуда, афкори муғризонаю саршори дурӯғу тӯҳматҳои бофтаи худро иброз медоранд.

Аммо мо мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ҳисси огоҳӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ҳеҷ гоҳе фирефтаи фитнаангезиҳо намешаванд. Зеро ифротгароии “динӣ” аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки барои зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва ба мақсади барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Аз сӯи дигар, халқи Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҳеҷ гоҳ он кирдорҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ –ро фаромӯш нахоҳад кард, ки чӣ рӯзҳои сахтеро бар сари мардуми мо оварда буданд. Пӯшида нест, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷонибдорони худро ҷустуҷӯ доранд, то ҳадафи аблаҳонаи худ, таъсиси ба ном хилофати исломиро дар минтақа амалӣ намоянд. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия ва кӯшиши номуваффақонаи онҳоро дар ҳодисаҳои Қазоқистон мушоҳида карда будем.

Бинобар ин, имрӯз ҳамаи моро зарӯр аст, ки ба хотири ҳифзи оромии ватану миллати худ, пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ камари ҳиммат бубандему зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

         Пешвои миллат  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоки ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

        Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла, давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Миёна ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, зери лавҳаи “Бешарафӣ”, оид ба ҳаёти беномусонаи як нафар аъзои Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин маълумоти дақиқ оварда шудааст. Имрӯз ҳар як сокини кишварро мебояд, ки оид ба ин мавзӯъ хулосаҳои даркорӣ бароварда, ба иғво ва сафсатаҳое, ки  дар шабакаҳои иҷимоӣ аз ҷониби ин шахси ҷудоихоҳу тафриқаангез паҳн карда мешавад, дода нашаванд. Зеро ин қабил афроди гумроҳ сулҳу субот ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноором кардан мехоҳанд, ки ин хиёнату бадкирдориҳои онҳо нисбат  ба миллату давлат ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии КИ  ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg