БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2021

АНДЕША. Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ  хеле калон мебошад.

Чи тавре огоҳӣ дорем рӯзи 22 январи соли 2022 дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.

Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иброз намуданд, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 25 ташаббуси созанда амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ, сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намудаанд. Роҳсозӣ тариқи ҳашар - сангфаршкунӣ, мумфаршкунӣ, ниҳолшинонӣ, сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ, тозакунии муҳит ва оромгоҳҳо, навсозии иншооти гигиенӣ, таъмиру сохтмони мактабҳо, пешбурди идеяи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ташаккули идоракунии электронӣ ва рейтинги ҳизбӣ ҳамчунин аз ҷумлаи корҳои созандаи аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар вилоят саҳми фаъолони ҲХДТ дар таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хеле арзанда мебошад.  Ташаббусҳои  созандаи ҳизбиёни вилоят, ки дар доираи онҳо мардум сарҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа камар бастаанд, назаррас мебошанд.

Пешсафон тибқи Рейтинги ҳизбӣ, аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ озмуни “Обуна-2022 ба нашрияи “Ҳамрози халқ” низ ҷамъбаст гардид, ки дар он дастаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ғолиби ҷойи якум, ноҳияи Темурмалик ҷойи дуюм ва ноҳияи Балҷувон сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо мукофоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии вилоят дар соли 2021 дар таносуб ба соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад кушиш ба харҷ медиҳем, ки минбаъд низ, ин нишондод боз ҳам беҳтар татбиқ гардида, ташабусҳои пешгирифтаи ҳизбӣ дар сатҳу сифати баланд ташкил ва амалӣ карда шаванд.

Мо ҳизбиён бояд фаъолияти ҳизбамонро ба талаботи имрӯзаи рушди ҷомеа мутобиқ созем, тамоми имкониятҳои зеҳниву кадрии ҳизбро баҳри иҷрои он вазифаҳои аввалиндараҷае, ки имрӯз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлату миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назди ҳар як фарди ҷомеа, бахусус сохторҳо ва аъзои ҲХДТ гузоштаанд, равона созем.

Ғафурзода Рухсора, корманди ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg