БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН МАСЪУЛИЯТНОК БОШЕМ

АНДЕША. Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модар, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳад, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбияи онҳо ҳеҷ чизро набояд дареғ дошт. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сӯзанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳаммиятӣ мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Падару модарро мебояд, ки масъулиятшиносона аз пайи сабақандӯзии фарзандон бошанд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки онҳо бар хилофи қонун рафтор намоянд.Ҳар як падару модар бояд ба риояи тозагӣ, муносибат бо атрофиён ва маданияти шаҳрвандии наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам аз ҳоли таълим ва интизоми фарзандонашон хабар гиранд. Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он пайваста зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии падару модар фарзандон тарбияи нодуруст гирифта, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд. Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.

Қурбонгул  Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони   КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg