АНДЕША. Олами набототи Тоҷикистон хеле бой аст. Дар он зиёда аз 5 ҳазор намуди растанӣ мерӯяд. Қисми зиёди онҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд. Дар байни олами наботот растаниҳои мевадеҳ, ороишӣ, шифобахш (доругӣ) ва ғайра хеле бисёранд. Аз 1500 намуди растаниҳои доруворӣ ҳамагӣ 145 намудро дар тиб истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо олами наботот хеле рангин буда, аксари растаниву гиёҳҳои кишвари офтобрӯяамон шифобахшанд. Онҳо метавонанд ба садҳо бемориҳои мухталиф сари вақт даво бахшанд. Тавре ки қайд кардем, дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳоро растаниҳои доругӣ ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо барги зулф (зуф), ангур, бедгул, биҳӣ, бодом, газна, гули офтобпараст, дӯлона, занҷабил, зардчуба, зарпечак ё худ зардпечак, зира, испанд, каду, кокути, наъно, пиёзи ансул, пудина, себарга, чормағз ва дигар растаниҳо аҳамияти беандоза доранд. Мардуми Тоҷикистон аз ин гиёҳҳои худ дар тибби мардумӣ дар табобати бемориҳои зиёд, аз ҷумла, беморихои пӯст, дарди сар, асаб ва садҳо намуд дард истифода мебаранд. Дар ин самт халқи тоҷик китоби Канзи шифоро ҳамчун бойгонӣ, ки дар он гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд, оварда шудааст.
Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ хусусан оиди растаниҳои доругии Тоҷикистон, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, табиати зебо, гулу растаниҳои фоиданоки Тоҷикистон дили оламиёнро тасхир сохт. Инчунин, дар мулоқотҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид сохтаанд, ки Тоҷикистон бо табиати зебо, сарватҳои табиӣ ва растаниҳои шифобахши хеш маълуму машҳур аст. Ин аст, ки Сарвари давлат ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Воқеан, табиати беназир ва куҳҳои сарбафалаккшидаи Тоҷикистон бо гулу гиёҳҳои шифобахш дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Мутаассифона, то ҳанӯз захираҳои гиёҳҳои шифобахш бештар дар тибби мардумӣ ва дар шакли банду басти аввалин мавриди истифода қарор доранду халос. Аз ин ҳам бадтар он аст, ки баъзе шахсон, хусусан кӯдакон ба набототу растаниҳо ва гулу гиёҳҳои фоидаовар ва давогӣ зарари худро мерасонанд, ки ин рафтор аз беодоб ва бесаводии онҳо дарак медиҳад.
Ба ин гурӯҳ шахсон муроҷиат менамоям, ки табиати зебою нотакрор, бахусус, олами набототи Тоҷикистони азизамонро дӯст доред ва ҳифз намоед!
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон