АНДЕША. Хушбахтона, дар мамлакатамон ҷашни Сада бо хиради созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидааст. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси олӣ изҳор доштанд, ки: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Аз ин рӯ зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун оини бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад. Мувофиқ ба пажуҳиши олимон ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Яъне, иди Садаро метавон муждае аз фасли баҳор ва гармиву рӯшноӣ ном бурд.
Мардум дар шаби Сада гулханҳои бузург афрохта шодиву хурсандӣ менамоянд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ойини арҷгузорӣ ба Офтоб ҳамчуни неъмати бузурги осмонӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари Ориёно падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст. Дар «Авесто», ки китоби нахустини ойини яктопарастӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён ва сакоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки сарзамини беамсоли “Паҳнои Ориёно”-ро тарк карда, то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистон ва Хуросони кунунӣ маскан бигиранд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи навиштаи Фирдавсӣ шоҳ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро бо усули табиӣ кашф карда ба дигарон омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки саноатро бунёд гузошт, ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.
Мардум теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти Митра рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.
Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дигарбора ба худшиносӣ даст ёфт.
Ғафурзода Рухсора корманди ҲХДТ дар вилояти Хатлон