ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳаи Бешаи палангон"- ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" доир гардид.
Аксияи мазкур аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов ва Исматулло Исмоилов мудири бахши дин ва ҷашну маросими мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Абдулҳафиз Қурбон ҷиҳати дастгирӣ ва ҷонибдории ҳашарчиён барои чунин аксияҳо ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ баён намуд.