БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС БЕМОРИИ ТАБОБАТШАВАНДА МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳро   дар  байни  сокинон ҳамарӯза бо маром идома дода  истодаанд.     

Ин  навбат  оид ба пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории  коронавирус  ва  гирифтани  ваксина дар  ҳамкорӣ  бо  кормандони Кумаки  аввалияи  тиббию  санитарии  ноҳия    бо  усули «хона  ба  хона» дар  деҳаи Тулаганови   ҷамоати  деҳоти  Фирӯза вохӯрию  суҳбатҳо  баргузор  намуда, сокинонро  эмгузаронӣ  намуданд. Фаҳмонида  доданд, ки яке аз  омили  асосии  пешгирии  ин  беморӣ безараргардонӣ  макони  зист,  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи  ниқоб  ва   риояи  фосила   ва  ҳамчунин  гирифтани ваксина   ба  шумор  меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg