БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ПАЁМ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  ноҳия,  гурӯҳҳои  муштараки  корӣ  таъсис  дода, нуктаҳои  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳури   Тоҷикистон  аз  21  декабри  соли  2021 “Дар  бораи  самтҳои  асосии  сиёсати дохилӣ  ва  хориҷии  ҷумҳурӣ “ бо  сокинон  идома дорад.

Ин  навбат масъулини Кумитаи  иҷроия дар ташкилоти  ибтидоии  “КДФ БММҒ” вохӯрӣ баргузор  намуда,  нуктаҳои Паёми  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  Мачлиси  Олии  кишварро  шаҳру  тавзеҳ  доданд. 

Аъзои   гурӯҳи   муштараки  корӣ  баромад  намуда  қайд  карданд, ки  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  пешрафту устувори  кишвар дар  роҳи  расидан  ба  ҳадафҳои  стратегии  башорат медиҳад. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шурӯъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони Ватанӣ, саоатикунонии  босуръати  кишвар, низоми  бонкӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бар гирифт.

Президенти  мамалакат  ҷомеаро  аз  хатарҳои  муосири  геополитикӣ  бо  назардошти вазъи  ҷаҳони  имрӯза, бархурди  манфиатҳои  давлатҳои  абарқудрат, вазъи  сиёсии  имрӯзаи  кишварҳои  ҳамсоя, бахусус  Афғонистон маълумоти  муфассал  дода  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg