Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис дода, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ “ ба сокинон фаҳмонида дода истодаанд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия дар Кохи фарҳангӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбарону кормандони ташкилоту массисаҳои сохторҳои мақомоти иҷроия, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, кормандони филиали “Амонатбонк №48” , раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷамъомад баргузор намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар шаҳру тавзеҳ дода шуданд.
Аъзои гурӯҳи муштараки корӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешрафту устувори дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар башорат медиҳад. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шурӯъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони Ватанӣ, саоатикунонии босуръати кишвар, низоми бонкӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бар гирифт.