БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ҚУЛЛАҲОИ БОЗ ҲАМ БАЛАНДУ ОБОДИИ ВАТАН МЕБАРАД

АНДЕША.  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни  ироаи   Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2021-ро  барои  мардуми  Тоҷикистон соли  таърихӣ  ном бурданд. Мардуми  шарифи  Тоҷиикистон  дар  ин  соли  таърихӣ  сисолагии истиқлолияту озодии  ватани  маҳбубамонро  ҷашн  гирифтанд.

Ҳақиқатан соли   сипаригардида бо  вуҷуди  аз  ҳар  лиҳоз вазнин  буданаш, барои  мардуми  Тоҷикистон соли  бобарор  ва  пурфайзу  баракат  мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми  имсолаи  худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2022 муайян намуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташакул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии  он мебошад. Паёми соли  сипаригардида мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир таҳия шудааст.Дар паёми соли  сипаргаштаи хеш Пешвои  миллат ба масъалҳои муҳиму ҳалталаби имрӯза, хусусан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бо маърифат, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии давлат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии комил, азнавсозии роҳҳои мошингард, таъмини  солимии  ҷомеа ва ҳифзи  иҷтимоӣ  аҳолӣ дикқати ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Зимни  ироаи  Паём  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  масъалаи  дастгирии  соҳибкорон муфассал  истода  гузашта оид  ба  саҳми  соҳибкорон  дар  пешрафти  иқтисодиёти  кишвар муфассал баён намуда, барои дастгирии  соҳибкорон  дар  соли  2022  фаъолияти  соҳибкорӣ дар  соҳаи  истеҳсолӣ ва  ҳарчи   бештар истеҳсол  намудани  молҳои  саноатии  ҷавобгӯи  талаботҳои  бозори  ҷаҳонӣ ва  ба  содирот ҷавобгӯ  дастуру  ҳидоятҳо  дода  шуд.  Инчунин  бо  мақсади  дастгирии  минбаъдаи  соҳибкорон  дар  кишвар  ва  беҳтар  намудани  фазои  сармоягузорӣ  солҳои  2022-2026 дар  кишвар  “ Солҳои рушди саноат” эълон  гадид ва  амалӣ  гардида  истодаанд.

Бо  мақсади  вусъат  бахшидан ба  ҳалли  масъалаҳои  деҳот, боз  ҳам  обод  намудани  кишвар, ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолӣ  ва  ба  анҷом  расонидани  нақшаҳои  ҷашнгирии   30-  солагии Истиқлолияти  давлатӣ   солҳои   2022-2025    «Соли  ҷашнгирии  35 солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  »  эълон  гардид, ки   мақсади  Ҳукумати  мамалакат ба  хотири  боз  ҳам обод  кардани  Тоҷикистон  мебошад.

Дар  Паём  Пешвои  миллат  қайд  намуданд, ки  “Бунёди  миллат аз  маориф оғоз мегардад”   ғамхорӣ  ба  соҳаи  маориф сармоягузорӣ ба  рушди зеҳнӣ  ва  ояндаи  дурахшони  миллат  дар маркази  диқкати давлату  Ҳукумати  кишвар  қарор  дорад. Зиёд  гардидани  маоши  кормандони  соҳа  ва бахши   бкҷавӣ  ҳамчунин  стипендияи  донишҷӯён  аз  1  июли  соли  2022 то  20  фоиз далели  ин  гуфтаҳост.

Дар  Паём  ба ҳамаи  бахшҳои  ҳаёти  давлатдорӣ  баҳои  сазовор  дода  шуда аз  вазъи  ноороми  ҷаҳони  муоссир дар  шароити  шиддат  ёфтани  рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ таҳдиди  хатарҳои  глобалӣ  ва  ҳамчунин  вазъи сиёсии ҳасоякишварамон  Афғонистон ҳаматарафа таҳлил  гардида,  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ идома  ёфта,  барои пешрафти  самарабахши  онҳо  пайваста  кӯшиш  ба  харҷ  дода  мешавад.

Мо  сокинон, ҳар  як  фарди  бонангу  ори  кишвар бо  назардошти  вазъи  ноороми  минтақа ва  ҷаҳон  зиракию ҳушёрии  сиёсиро   аз  даст  надиҳем, Ватани  соҳибихтиёри  маҳбубамонро  дӯст  дорем  ва  ба  он  содиқ  бошем.  Тамоми сайъу  талоши  худамонро  ба  хотири   пешрафту  нерӯманд  гардонидани  он ва  дар  арасаи  байналмилалӣ  боз  ҳам  баланд  бардоштани  нуфузи  эътибори  Тоҷикистони  азизамон  равона  созем. Ба сулҳу  субот ва  оромии  кишварамон шукрона  гӯем, ба  қадри дастовардҳои  даврони  соҳбистиқлоли  бирасем ва  тамоми  саъю  талоши  худро  ба   рушду  тараққи  ва  ободии  Ватани  маҳбубамон  равона  созем.

 Ализода Сураё  Ҷӯра, раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи   Носири  Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg