ПАНҶ. Аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсафарзода Мирзораҳим ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдин ба сокинони деҳоти 16-солагии Истиқлолият вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни вохӯрии баргузорнамуда муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар дар масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавирус СОVID-19, оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, сарфкорона истифода бурдани неруи бақ, элон кардани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.