БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии “Молия” бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Асомуддин ва дигар шахсони даъватӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғарар баргузор гардид, андешаронӣ намуда, муҳтавои онро ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Инчунин, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ пешгирии содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсис ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, зикр карданд, ки масъулиятнокии мо шаҳрвандон боиси боз ҳам ободу зеботар гардидани Ватани соҳибистиқлоламон хоҳад гардид.