КӮШОНИЁН. Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Нурализода Малика бо кормандони Маркази таҳсилоти иловагии Ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вобаста ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили эмгузаронӣ аз бемории сироятии каронавирус, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ таъкид карда шуд.