АНДЕША. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад. Бояд қайд намоем, ки Паём-ин ҳуҷҷат ва ё дастурамали тақдирсоз, роҳнамову мушкилкушо баҳри ободиву тараққиёти Ватан, таъмини зиндагии шоиста баҳри мардуми сарбаланди диёр ва дар умум ояндаи тобони ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб меравад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар соле, ки дар мамлакат зимни ироаи Паём эълон мегардад бо як мақсаде, бо як ҳадафе равона гардидааст, ки он баҳри рушди нумӯи кишвар ва баҳри зиндагии шоистаи сокинони ин диёр нигаронида шудааст.
Бояд қайд намоем, ки бинобар сабаби аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.
Эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” мардуми сарбаланди тоҷикро водор менамояд, ки диққату таваҷҷуҳи хешро ба ин самт равона созанд то, ки сазовори зиндагии хубтару беҳтар ва шоистае гарданд.
Хулоса, ҳамасола ҳар амалу иқдоме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамоянд, баҳри рушду нумӯи кишвар ва зиндагии шоистаи мардум инчунин амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои сокинони сарбаланди кишвар нигаронида шудааст. Бо ин мақсад моро, инчунин ҳар як шахси бофарҳангу бошуури ин диёрро зарур аст, ки дастгири сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бошем ва баҳри пойдории сулҳу субот, пешравию тараққиёти ин сарзамин камари ҳиммат бубандем.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ