ВОСЕЪ. Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари кишвар маҳсуб меёбанд. Онҳо беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданду диди эстетикии халқро таҷассум мекунанд. Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд.
Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо ҷавонон низ ба ҳунарҳои дастӣ рӯ оварда, баҳри рушди ин ҳунар саҳми хешро гузошта истодаанд, ки ҷавонони ташкилоти ибтидоии “Литсей касбии техникӣ”-и ноҳияи Восеъ низ аз қабили чунин ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Бояд қайд намоем, ки дар ташкилоти ибтидоии болозикр ҷавонон ҳамарӯза бо омӯзиши ҳунарҳои миллии ниёгон машғул буда, баҳри инкишоф ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талош намуда истодаанд.