БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ САНОАТ – БАХШИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ ДАР КИШВАР

АНДЕША. Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.

        Саноат ҳамеша такондиҳандаи иқтисодиёт аст. Аз ин ҷост, ки дар тамоми ҷаҳон барои рушди он пайваста кӯшиш менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баробари корхонаҳои саноатии мавҷуда боз даҳҳо чунин корхонаву заводҳо сохта, ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, бо ворид намудани техникаву технологияи нав иқтидори корхонаҳои амалкунанда зиёд карда шуд.

      Қаблан, Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.

     Бояд қайд намуд, ки минтақаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - Бохтар, Левакант, Вахш, Хуросон, Данғара, Муъминобод, Душанбе, Файзобод, Темурмалик, Ҳисор, Турсунзода ва ғайра зиёданд, ки маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда, ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ, сачоқчаҳои хушк, эмулсия, бозичаҳои кӯдакона, трактор, ядак (прицеп), автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона, пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис истеҳсол менамоянд. Дар давоми 30 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ 2 ҳазор корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 баробар афзоиш ёфт. 

       Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар дар раванди амалигардонии барномаҳои мавҷуда ва таъмини дурнамои рушди саноати кишвар ҷиҳати дастгирии истеҳсолотчиёни ватанӣ, ҷалби сармояҳои мақсаднок ба истеҳсолот, дарёфти роҳҳои пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, тағйири сохтори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, татбиқи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар хоҷагии халқ ва дар ин замина таъмин намудани пешрафти назарраси соҳаи саноат кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

     Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 21 декабр зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар” солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд, ки барнома ва пешниҳоди олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

     Мутмаинем, ки дар панҷсолаи оянда  то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба пешрафти чашмраси соҳаи саноат ноил хоҳад гашт.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg