БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Дар  Осоишгоҳи “Насими Фархор ” вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар мулоқот сараввал раиси ташкилоти ибтидоии мазкур баромад намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёмашон баён карданд, ки имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад. Бинобар ин, ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.

Ҳамзамон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба мавзӯъи болозикр иброз дошт, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кардааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg