БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲАМ ЗАДАНИ СУЛҲУ СУБОТ НИШОНАИ ХОИНИСТ

ВОКУНИШ.  Рӯйдодҳое, ки чанд рӯзи охир, ки дар Бадахшон ба амал омад, боиси нигаронист. Зеро чуноне ки ба ҳамагон маълум аст тибқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозатнома, хусусан ба шаҳрвандон доштани силоҳ ин ҷиноят аст. Тибқи нишондодҳо ҳаводисе, ки рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омад, ин истифодаи силоҳ ва ҳатто пахш кардани он ба сӯи кормандони мақомотҳои қудратӣ сурат гирифт. Хушбахтона, дере нагузашта ин моҷаро ва нофаҳмиҳо дар худи минтақа ба созишу сари гуфтугӯ расид ва дар ниҳоят мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Аммо нигаронкунанда он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон хусусан сокинони минтақаи Бадахшон ва муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ин моҷароро нодуруст дарк накарда, зидди давлату миллат суханронӣ мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳолати ба амаломада гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва душманону бадхоҳони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба нооромиву бесуботӣ ва қонуншиканӣ даъват кардан мехоҳанд. Набояд фаромӯш сохт, ки барои ин тоифа гурӯҳҳо амнияту осоиши кишвар заррае ҳам арзиш надорад. Баръакс мехоҳанд  шуру ошубҳо барпо намуда, боз як таҳаввулоте, ки солҳои 90-ум дар кишвари мо рух дода буд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, барпо намоянд.

Аз ин лиҳоз, оид ба ин қазияи дар Бадахшон ба амал омада ҳаминро гуфтаниам, ки ин моҷаро ҳалли худро пайдо намуда, тинҷию оромӣ ва осоиштагӣ дар минтақа барқарор хоҳад гашт. Танҳо сабру таҳамул ва ҳамдигарфаҳмӣ моро ба қуллаҳои умед бурда мерасонад. Итминони комил аст, ки мардуми Бадахшон ватандӯсту меҳанпараст ва дорои фаросату маърифати баланд буда, ба ҳар гуна дассисаҳои пучу бемоя ва хабарҳои бардурӯғи ифротгароён дода намешаванд. Зеро як нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки  он нохалафе дар зеҳнаш ҳавои ба ҳам задани сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро дорад, хоини миллат аст. Аз ин лиҳоз моро мебояд созандаи ин Ватани соҳибистиқлол, ки номаст- Тоҷикистони азиз бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки яке аз кишварҳои амнтарин дар миқёси олам бимонад!

Маҳмадраҷабзода Талабшо,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg