ПАНҶ. Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус СOVID-19 дар Бозори марказии ноҳия миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ, маҳлули спирти антисептик баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуд.