ВОКУНИШ. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифротгароӣ – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.
Мавзӯи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талошҳои чиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала рушанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намуданд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила роҳандозӣ менамуданд.
Рӯйдодҳои чанд моҳи охири ҷаҳон, тезу тунд гардидани вазъ дар кишварҳои ҳамсояамон Афғонистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои дунё терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари аввалияи умумибашарӣ эътироф шудааст. Кишварҳои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ пой бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.
Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ