ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” вохӯрии навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешравиҳои он дар заминаи Истиқлолият ибрози назар намуда, қайд карда шуд, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шостаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва ҳамеша талош бар он дорад, ки дар хизмати халқ бошад. Инчунин, мудири бахши омори Кумитаи иҷроия Ҳошимов Тоҳир оид ба муҳтавои Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки соҳаи саноати кишвар дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, бо дарназардошти рушди саноатр Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд, ки ҳар яки моро зарур аст дар рушди соҳаи саноат саҳми муносиб гузорем ва худро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус COVID-19 эмин нигоҳ дорем. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ба сафи ҳизб қабулшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.