БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН АЗ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СААД ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ТАРСИДААНД

ВОКУНИШ. Чи тавре ки медонед,  дар аввали моҳи январӣ соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии ба мо дӯст ва шарики стратегӣ  Қазоқистон, аввал тазоҳуротҳои  даъвогӣ ва баъдан ин гирдиҳамоиҳо ба як амалиёти террористӣ бар зидди давлату ҳукумат табдил ёфтанд. Сиёсатшиносон ва ҷомеашиносон бар он ақидаанд, ки дар воқеъаҳои баамаломада гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ бо маблағгузории берунӣ  даст доранд. Вагарна ҳеҷ як сокини оддӣ, ки аз болоравии нархи сӯзишворӣ норозӣ аст, наметованад  ваҳшиёна кормандони низомиро ба қатл расонад.

Бо муроҷиати Президенти ин кишвар ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аъзои он мебошад, ба ин кишвар қувваҳои низомӣ бо техникаҳои ҳарбӣ  ворид шуда, вазъиятро дигаргун сохтанд. Ин амали хеле саривақтӣ  ва муфид арзёбӣ мешавад.

Бо ифтихор гуфта метавонам, ки иштироки 200-нафар низомиёни тоҷик дар ин амалиётҳои оромихоҳона дар қатори низомиёни дигар давлатҳо аз маҳорати касбии волои низомиёни мо дарак медиҳад.

Дар ҳама давру замон душманони мо зидди пурзӯр гаштан ва рушди Тоҷикистони азизамон буданд ва ҳастанд. Ин аст, ки тайи ҳафтаҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротӣ фаъолтар шудаанд. Агар пештар онҳо зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат суханҳои нопоки худро баён мекарданд, ҳоло бошад бар зидди тамоми давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) фикрҳои хому туҳматҳоро раво медонанд.

Бо боварии комил метавон гуф, ки амалиёти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)   дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамаи нақшаҳои нопоки  хоинонро барҳам зад. Онҳо як чизро дарк карданд, ки оромии кишварҳои аъзои ин созмонро халалдор кардан ғайриимкон аст.

Ҳаракати ифротии Гурӯҳи-24 ва Муҳамадиқболи Садридин (Иқболбӣ)  бо арбобонашон бояд донанд, ки дар Осиёи миёна бехатарии дастаҷамъона дар доираи СААД пурзӯр карда шуда, бо принсипи “Ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама” минбаъд амал мекунанд.

Зайдуллоев Муҳамадҷон,  муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg