БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ

МУЪМИНОБОД. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 - и ноҳияи Муъминобод бо иштироки зиёда аз 150 нафар сокинону фаъолон, падару модарон ва хонандагони муассиса вобаста ба баррасии Паёми Президенти мамлакат ҷамъомад доир карда шуд.

Ҷаъомади мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади омӯзиши муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Зарифов Абдураҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло, раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва директори муассиса иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат суханронӣ намуданд.  Қайд карда шуд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир дар кишвари мо ва бисёр мамлакатҳои дунё хушксолӣ ва камборишӣ идома дорад. Тибқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо даҳҳо кишвари сайёраро гуруснагӣ таҳдид дорад. Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем.Инчунин, иброз гардид, ки сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg