КӮШОНИЁН. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кумак намудан ба маъюбон, бо ташаббуси бевоситаи узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба Сангинмуродова Гулшода сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа, ки маъюби модарзодӣ мебошад, як адад аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.
Туҳфаи раиси ноҳия дар доираи амалишавии Аксияи ҳизбии “Кӯмак ба маъюбон!” буда, мудири Бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вализода Зиёдалӣ, намояндагон аз ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия онро ба маъюб расониданд.
Зини суҳбат қайд карда шуд, ки маъюбон ҳамеша таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.