ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо истиқоматкунандагони маҳаллаи Маъруфхоҷа Баҳодурови ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, Исмоил Гадоев дар назди сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиву экстеремистӣ суханрони кард.
Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мо мардуми шарафманди тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ дар муддати кутоҳ поён рафта истодааст.
Дар охир сокинони маҳаллаи номбурда ба Исмоил Гадоев доир ба масъалаҳои болозикр саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ гирифтанд.