ДӮСТӢ. Дирӯз дар деҳаи М.Ҳотами ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл суҳбату вохӯрӣ бо сокинон баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров Сабзаалӣ ва намояндагони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл иштирок доштанд. Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои Паём, эълон гардидани солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат”, инчунин зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақаи ятимону маъюбон ба мардум шарҳ дода шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ихтиёран ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ баромад карда шуд.