БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ Нуруллоев Саъдулло ва Алиев Зафар  оид ба нуктаҳои Паём, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, кишоварзӣ, рушди босуръати соҳаи саноат, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасон, нақши бонувону занон дар таҳкими истиқлолият, нақши ҷавонон дар пешбурди  ҷомеа  суханронӣ намуда,  иброз доштанд, ки масъалаи ташвишовар дар ҷомеаи феълӣ ин истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва бо ин восита шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро буда,  насли калонсолро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро ба истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ талқин созанд ва дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон аз  ҳама гуна зуҳуроти номатлуб саҳми муносиб гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg