ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар назди сокинон оид ба хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати покиза нигоҳ доштани мазҳаби Ҳанафия, ки имрӯзҳо ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳу усулҳо мубаллиғону нотавонбинони гурӯҳҳои ифротӣ миёни мардум тафриқаи ақидатӣ роҳандозӣ карда истодаанд, барои пешгирӣ ва фирефта нагардидани шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ онҳоро огоҳ карданд.
Ҳамчунин, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро шарҳу тавзеҳ дода, иброз доштанд, ки пешниҳоди Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қонуни мазкур дар зеҳну мафкураи миллати тоҷик таҳавуллоти ҷиддиеро ба амал овард ва онҳоро ҳидоят намуд, ки аз расму оинҳои ба миллати мо бегона, ки тӯли садсолаҳо дар мафкураи мардум ҷой гирифта буд, даст кашанд.