БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои таблиғотӣ самараи нек ба бор оварданд

ЁВОН. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ибтидо ҳамчун як ҳизби ваҳдатофар ба майдони сиёсат ворид гардида, ҳамчун ҳизби мардумӣ барои беҳбуди зиндагии шоистаи халқ кору фаъолият менамояд.

Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ноҳияи Ёвон ҳамчун ниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал миёни мардум ҳамарӯза корҳои таблиғотию ташфиқотиро амалӣ менамояд.

Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабд дар деҳаи Саргаҳи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед кардани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар ободонии маҳал,  тарбияи дурустӣ фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, робитаи маҳал бо мактаб, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg