БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ВА ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат ҷавононро ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи  ҷомеа, захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат номиданд.

Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои минбаъд низ тамоми чораҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои  Истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд-иброз доштанд дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат  ба Маҷлиси Олии мамлакат. Дар  5-соли оянда як миллион шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб шаванд. Илова бар ин зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода,ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани сокинони мамлакат, ба хусус ҷавонон ва занону бонувони тадбирҳои қатъӣ омода шаванд.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд ба эҳсоси аниқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷеабори онҳоро, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷомеаи худ қарор диҳанд. Дар ин маврид  моро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зарурати номатлуби хатарҳо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкиму таъмини амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем. Хатарҳои ҷаҳони муосир сар карда, аз терроризму экстремизм, то ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, истифодаи ғайримақсадноки нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, кибертерроризм, ғасби фазои фарҳангӣ аз ҷониби фарҳанги бегона, ҷалби занон ба ҳиҷобу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ проблемаҳое мебошанд, ки хатари ҷиддиро ба истиқлолияти  давлатҳо ба бор овардааст.

Ваъзияти ҷаҳони имрӯза мо ҷавононро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки худро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона кунем, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон  намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиати миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем”.

Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаи таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарварӣ васеъ истифода мешаванд.

Истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоотӣ ва масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ  дар шароити ҳаррӯза афзалияти хоса дорад. Зеро ҳар ду ҳам барои таъмини суботу амният ва ҳамчунин барои бесуботию муташанниҷии авзои ҷамъиятӣ истифода шуда метавонад. Тавре аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар аксари нуқтаҳои ҷаҳон барои ба вуҷуд овардани бесуботию низоъ иттилоот васеъ истифода шуда, ба аслиҳаи ҷиддии неруи нарм мубаддал гардидааст. Дар фазои иттилооотӣ махсусан дар шабакаҳои  иҷтимоӣ ҷанги иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст,ки  мақсади асосии он  тағйири муносибати шаҳрванд ба давлат мебошад.    

Дар ин замина душманони давлату миллати тоҷик вақтҳои охир бениҳоят фаъол шудаанд. Онҳо дар давлатҳои хориҷа барои тағйир додани муносибатҳои шаҳрвандон ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд, фазои иттилоотиро бо суханҳои дурӯғу  подарҳаво пур карда, муносибати шаҳрвандон, ба хусус ҷавононро нисбат ба давлат дигар карданианд ва дар ин замина  бенизомию бесуботиро дар Тоҷикистон ба амал биёранд. Хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар рӯзҳои охир бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ  мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ барои содир кардани кирдорҳои ҷамъиятӣ осебпазир мегарданд.

Мо ҷавонон бояд сазовори эътимоду боварии Пешвои миллат бошем, ки дар Паёми имсола чунин иброз доштанд: “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳама манфиати дигар боло медонанд”.

Аббос Саидмуминзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg